Мубориза бар зидди малах
Тибқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 26 апрели соли равон дар 35 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар майдони 126587 гектар мушоҳидаи баҳорӣ гузаронида шуд. Дар майдони 44245 гектар паҳн гаштани малах ба қайд гирифта шудааст ва дар майдони 37063 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.
Тибқи маълумоти Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи коркард майдони 124222 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар 37063 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд. Дар майдонҳо 24 трактори дорупошӣ, 11 адад автомашина, 788 адад дорупошакҳои дастӣ ва моторӣ ва 975 нафар ба кор сафарбар гардидаанд.
Аз оғози паҳншавӣ то имрӯз ба ягон зироатҳо зарари ин ҳашарот нарасидааст.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон