Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳогузориши матбуотӣ ба санаи 05.05.2024

гузориши матбуотӣ ба санаи 05.05.2024

06.05.2024 404

«Рафти кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 440727 гектар кишти баҳории зироатҳо банақша гирифта шуда, ба ҳолати 05.05.2024 дар майдони 367303,3 гектар иҷро карда шудаст, ки дар майдони 91066 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо189257 гектар зироатҳои техникӣаз он пахта 171517 гектар, 17516 гектар зироатҳои равғандеҳ13744 гектар полизӣ20504 гектар кишти картошка, 33167 гектар сабзавот, аз он пиёз 16375 гектар, сабзӣ 4204 гектар, карам 1419 гектар, помидор 4502,5 гектар, бодиринг 2622,5 гектар ва 4044,5 гектар дигар сабзавотҳо ва зироатҳои хӯроки чорво 19565 гектарро ташкил медиҳад.

Кишти пахта

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ дурнамои кишти пахта 186000 гектар буда, мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати  05.05.2024 дар майдони 171517 гектар аз он 10763  гектар зери плёнка пахта кишт шудааст, ки 92,2 фоизи нақшаи иҷроро ташкил медиҳад. 

Аз он дар вилоятҳои Суғд 57648 гектар, Хатлон 112733 гектар ва НТҶ 1136 гектар кишт гузаронида шудааст.

Кишти картошка

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ дурнамои кишти картошка дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ 40070 гектар буда, мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 05.05.2024 дар майдони 20504 гектар картошка кишт шудааст, ки 51,2 фоизи нақшаи иҷроро ташкил медиҳад. 

Аз он дар ВМКБ 242 гектар, вилоятҳои Суғд 10509 гектар, Хатлон 6115 гектар ва НТҶ 3638 гектар кишт гузаронида шудааст.

Бунёди боғу токзори нав ва барқароркунии боғу токзорҳои кӯҳна

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣба ҳолати 04.05.2024 ҳамагӣдар майдони 608 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки боғ 572 гектар, токзор 36 гектар ва 21 гектар боғҳои интенсивӣ буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1841 гектарро дар бар мегирад.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

Тибқи маълумотҳои фаврӣба ҳолати 04.05.2024 шумораи гармхонаҳои доимамалкунанда 1038 адад ва майдони умумии гармхонаҳо 172 гектар буда, дар майдони 137,7 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 62,5 гектар, бодиринг 29,1 гектар ва дигар сабзавотҳо 46,0 гектарро ташкил медиҳад.

Аз майдони умумии киштшуда ба миқдори 2206,1 тонна сабзавот, аз он помидор 666,0 тонна, бодиринг 489,0 тонна ва дигар сабзавотҳо 1051,1 тонна мебошад.

 Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 04.05.2024 дар гармхонаҳои мавсимӣ дар майдони умумии 1898 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он помидор 776 гектар, бодиринг 552 гектар ва дигар сабзавотҳо 570 гектарро ташкил медиҳад.

Аз майдони умумии киштшуда ба миқдори 5422,1 тонна сабзавот, аз он бодиринг 1650 тонна, помидор 120 тонна ва дигар сабзавотҳо 3652,1 тонна мебошад.

Наслгирӣ аз чорвои майда

Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣва занбуриасалпарварии вазорат аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 413435 сар барраю бузғола насл гирифта шавад. Ба ҳолати 04.05.2024 398111 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35561 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 87 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бомаром идома дорад.

Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 

тел: 2-35-39-23