Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБоздиди Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолати рафти коркарди малах дар вилояти Хатлон

Боздиди Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолати рафти коркарди малах дар вилояти Хатлон

06.05.2024 392

Санаи 5 майи соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо масъулин аз рафти коркарди кимиёвии мубориза бар зидди малах аз ноҳияҳои Данғара ва Кушониён дидан намуданд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 06 майи соли равон дар 34 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар майдони 126587 гектар мушоҳидаи баҳорӣ гузаронида шуд. Дар майдони 62757 гектар паҳн гаштани малах ба қайд гирифта шудааст ва дар майдони 54298 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.

Дар майдонҳо 59 трактори дорупошӣ, 18 адад автомашина, 820 адад дорупошакҳои дастӣ ва моторӣ ва 1045 нафар ба кор сафарбар гардидаанд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба масъулин ҷиҳати омодагии доимии техникаҳо ва ҳарчи зудтар пешгирӣ намудан ба масъулини дастурҳо доданд. 

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон