Семинар машварати омӯзишӣ дар мавзӯи Барномаи мобилии "Дафтари деҳқон"
Санаи 7 майи соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии вазорат, "Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ", намояндагони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, ТҶ "Муносибатҳои иқтисодии тиҷорати миёнамарзӣ" ва намояндаи Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон иштирок намуданд.
Дар семинар машварат муаррифии барномаи мобилии "Дафтари деққон" ва гузаронидани машғулияти амалӣ барои иштирокчиён рунамоӣ карда шуд.
Инчунин ҷиҳати ҳамкориҳои судманди минбаъда дар самти рақамикунонии соҳа Созишномаи ҳамкорӣ байни КВД "Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ" ва ТҶ "Муносибатҳои иқтисодии тиҷорати миёнамарзӣ" ба имзо расонида шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон