Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБаррасии Лоиҳаи Барномаи рушди механикунонии инноватсионии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии Лоиҳаи Барномаи рушди механикунонии инноватсионии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

07.05.2024 495

Санаи 6 майи соли равон бо иштироки муовини вазири кишоварзӣ Зеваршои Зеваршо, масъулини дастгоҳи марказии вазорат, олимону мутахассисони соҳа ҷиҳати таҳияи Лоиҳаи Барномаи рушди механикунонии инноватсионии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ибрози андеша намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Барномаи мазкур дар доираи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2021, №168 «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва аз 01.03.2023, №54 «Дар бораи Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030» бо назардошти муҳимияти соҳаи механикуонии кишоварзӣ дар ҳалли мушкилотҳои соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои замин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини рушди утсувор ва таъсиси низоми ба тағийрёбии иқлим тобовар ва ташаккули рақобатпазирии соҳаи кишоварзӣ дар шароити муосир бо истифода аз техника ва мошинолотҳои муосири кишоварзӣ ҷиҳати ташаккули равандҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ, таҳия гардида истодааст.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон