Гузориши матбуотӣ ба санаи 13.05.2024
“Рафти кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ”
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 440727 гектар кишти баҳории зироатҳо банақша гирифта шуда, ба ҳолати 13.05.2024 дар майдони 395584 гектар иҷро карда шудаст, ки дар майдони 96204 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо, 199150 гектар зироатҳои техникӣ, аз он пахта 180550 гектар, 18377 гектар зироатҳои равғандеҳ, 16003 гектар полизӣ, 25514 гектар кишти картошка, 36984 гектар сабзавот, аз он пиёз 16717 гектар, сабзӣ 4409 гектар, карам 1508 гектар, помидор 6553 гектар, бодиринг 3514 гектар ва 4283 гектар дигар сабзавотҳо ва зироатҳои хӯроки чорво 21730,3 гектарро ташкил медиҳад.
Кишти пахта
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ дурнамои кишти пахта 186000 гектар буда, мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 13.05.2024 дар майдони 180550 гектар пахта кишт шудааст, ки 97,1 фоизи нақшаи иҷроро ташкил медиҳад.
Аз он дар вилоятҳои Суғд 58181 гектар, Хатлон 120788 гектар ва НТҶ 1578,5 гектар кишт гузаронида шудааст.
Кишти картошка
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ дурнамои кишти картошка дар хоҷагиҳоиҷамоавӣвадеҳқонииҷумҳурӣ 40070 гектар буда, мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 13.05.2024 дар майдони 25514 гектар картошка кишт шудааст, ки 64 фоизи нақшаи иҷроро ташкил медиҳад.
Аз он дар ВМКБ 585 гектар, вилоятҳои Суғд 13858 гектар, Хатлон 6308 гектар ва НТҶ 4763 гектар кишт гузаронида шудааст.
Бунёди боғу токзори нав ва барқароркунии боғу токзорҳои куҳна
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 08.05.2024 ҳамагӣ дар майдони 645 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки боғ 609 гектар, токзор 36 гектар ва 21 гектар боғҳои интенсивӣ буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1874 гектарро дар бар мегирад.
Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 08.05.2024 шумораи гармхонаҳои доимамалкунанда 1038 адад ва майдони умумии гармхонаҳо 172 гектар буда, дар майдони 137,7 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 62,5 гектар, бодиринг 29,1 гектар ва дигар сабзавотҳо 46,0 гектарро ташкил медиҳад.
Аз майдони умумии киштшуда ба миқдори 2369,0 тонна сабзавот, аз он помидор 767,3 тонна, бодиринг 516,6 тонна ва дигар сабзавотҳо 1085,1 тонна мебошад.
Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 08.05.2024 дар гармхонаҳои мавсимӣ ба майдони умумии 1898 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он помидор 776 гектар, бодиринг 552 гектар ва дигар сабзавотҳо 570 гектарро ташкил медиҳад.
Аз майдони умумии киштшуда ба миқдори 13362,1 тонна сабзавот, аз он помидор 818 тонна, бодиринг 4224 тонна ва дигар сабзавотҳо 8320,1 тонна мебошад.
Наслгирии чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 413435 сар барраю бузғола насл гирифта шавад. Ба ҳолати 04.05.2024 398111 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35561 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 87 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бомаром идома дорад.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тел: 2-35-39-23