Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоЭЪЛОН: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”

ЭЪЛОН: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”

14.05.2024 629

1.   Номи вазифа: Сармутахассис-мушовир оид ба таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо кадрҳо, музди меҳнат – 3500 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ:

-       шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-       донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-       таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ;

-       собиқаи кории касбии на кам аз 5 сол;

-       доштани таҷрибаи кадрӣ, ҳуқуқӣ, банақшагирӣ, таҳия, ҳамроҳӣ, тартиб додани ҳисобот, мониторинг ва баҳодиҳии чорабиниҳо дар доираи лоиҳаҳо;

-       таҷрибаи пешбурди ҳисоботҳои лоиҳавӣ ба забони тоҷикӣ ва русӣ;

-       малакаи мустақилона ва дар гуруҳ кор кардан; 

-       донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-       донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-       мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-       кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ.

2. Номи вазифа: Сармутахассис-мушовир оид ба маркетинг ва харид, музди меҳнат – 3500 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ: 

-       шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-       собиқаи кории касбии на кам аз 3 сол;

-       маълумоти олӣ дар самти маркетинг ё иқтисод (самти кишоварзӣ);

-       таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳо дар самти иқтисодӣ, молиявӣ ва агробизнес;

-       таҷрибаи банақшагирӣ, таҳия, ҳамроҳӣ ва омода намудани ҳисоботҳо, мониторинг ва баҳодиҳии чорабиниҳо дар доираи лоиҳаҳо;

-       таҷрибаи кор бо коршиносони байналмиллӣ ва маҳаллӣ ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои лоиҳавӣ;

-       малакаи мустақилона ва дар гуруҳ кор кардан; 

-       донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-       донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-       мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-       кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ.

3.   Номи вазифа: Сармутахасис-мушовир оид ба пешбурди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, музди меҳнат – 3500 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ: 

-          шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-          собиқаи кории касбии на кам аз 3 сол;

-          маълумоти олии кишоварзӣ, иқтисодӣ, техникӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ;

-          доштани таҷрибаи банақшагирӣ, таҳия, ҳамроҳӣ, тартиб додани ҳисобот, мониторинг ва баҳодиҳии чорабиниҳо дар доираи лоиҳаҳо;

-          таҷрибаи пешбурди ҳисоботҳои лоиҳавӣ ба забони тоҷикӣ ва русӣ;

-          малакаи мустақилона ва дар гуруҳ кор кардан; 

-          донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-          донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-          мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-          кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ.

4.   Номи вазифа: Сармутахассис-мушовир оид ба IT дар соҳаи кишоварзӣ, музди меҳнат – 3500 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ: 

-       шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-       собиқаи кории касбии на кам аз 3 сол;

-       таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳо дар самти иқтисодӣ, молиявӣ;

-       таҷрибаи банақшагирӣ, таҳия, ҳамроҳӣ ва омода намудани ҳисоботҳо, мониторинг ва баҳодиҳии чорабиниҳо дар доираи лоиҳаҳо;

-       таҷрибаи кор бо коршиносони байналмиллӣ ва маҳаллӣ ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои лоиҳавӣ;

-       малакаи мустақилона ва дар гуруҳ кор кардан; 

-       донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-       мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-       кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ.

Рӯйхати ҳуҷатҳо:

  1.     Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
  2.   Тарҷумаи ҳол;
  3. 4 дона акси 3х4;
  4. Нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;
  5. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
  7. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);
  8. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  9. Маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шуданрад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
  10. Нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН).

 Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 1 июни соли 2024.

Суроға: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, ошёнаи 7, КВД “Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”.

Барои  гирифтани маълумоти иловагӣ: (+992 37) 236-40-71; (+992) 116-11-50-55 (Фарзона).