Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон

15.05.2024 350

Санаи 15 майи соли равон дар мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Шаккалиев Арман Абаевич ва Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Туреханов Валихан баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд аз қабили содироту воридоти молу маҳсулот, бунёди марказҳои хариди яклухт, ташкили ярмарка ва фуруши маҳсулотҳои кишоварзӣ ва табодули таҷриба изҳори назар намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2023 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҳаҷми умумии зиёда аз 142 тонна ҳазор меваю сабзавот содирот карда шуд, аз ҷумла 59,6 ҳазор тонна пиёз, 62,0 ҳазор тонна меваи хушк, 7,6 ҳазор тонна меваи тар, 6,3 ҳазор тонна ангур ва дигар меваю сабзавот ба маблағи беш аз 22,4 миллион доллар ташкил дод
Инчунин дар 4 моҳи соли 2024 бошад 182 тонна пиёз, 20 тонна пиёзи хушк, 551 тонна карам, 340 тонна сабзӣ, 88 тонна картошка, 20612 тонна. тонна зардолуи хушк, 133 тонна чормагз, 1075 тонна ангур, 18 тонна лиму, 120 тонна лубиё, 518 тонна чормагз, 190 тонна меваи донакдор содирот карда шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон