Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
15.05.2024 489
15 майи соли ҷорӣ мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар самти селексия ва тухмипарварӣ ҷиҳати офаридани навъҳои тухмии ба тағйирёбии иқлим устувор ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати усулҳои инноватсионии зироаткорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти органикӣ, ташаккули инфрасохтори муосир, бозомӯзии кадрҳои бахши агросаноатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба андешаҳои хешро иброз карданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон