Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.05.2024 382

15 майи соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардид.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, рушд ва имкониятҳои он маълумоти мушаххас доданд.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар аз қабули самимӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо афзоиши гардиши савдо ва содироти маҳсулотҳои кишоварзӣ, инчунин ба воситаи Покистон содироти маҳсулотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дигар мамлакатҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд гардиши савдои маҳсулоти кишоварзӣ миёни Тоҷикистону Покистон афзоиш ёфта, тибқи маълумоти гумрукӣ дар моҳҳои январ марти соли 2024 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон 5,2 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 631,0 ҳазор доллари ИМА содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содирот аз руи ҳаҷм 4,0 ҳазор тонна ё 4,2 маротиба ва аз руи арзиши гумрукӣ 371,8 ҳазор доллари ИМА ё 2,4 маротиб зиёд мебошад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон