Тақвияти ҳамкориҳо бо ҳоҷагиҳо дар доираи Лоиҳаҳо
Дар доираи ҳамкориҳои судманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) “Лоиҳаи такмили хизматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ тавассути равиши SHEP (Tajik-SHEP) барои солҳои 2022-2026” амалӣ гардида истодааст.
Мавриди зикр аст, ки мафҳуми равиши SHEP - ин равиши кишоварзии ба бозор нигаронидашударо пешниҳод менамояд ва тавассути беҳтар намудани усулҳои фурӯш ба афзоиши даромад мусоидат мекунад.
Мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Лоиҳа пайваста баҳри баланд бардоштани савияи дониши хоҷагидорон ва деҳқонон кушиш ба харҷ дода, пайваста дар ноҳияҳои зерҳадаф тренингҳои омӯзиширо ба роҳ мемонанд.
Қайд кардан зарур аст, ки “Лоиҳаи такмили хизматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ тавассути равиши SHEP (Tajik-SHEP) бо намояндагони Фонди Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон аввалин шарики рушд моҳи ноябри соли 2023 тренингҳои омӯзишӣ доир намуданд, ки дар он намояндагони Фонди мазкур иштирок карданд.
Бо мақсади минбаъд дар амал татбиқ намудани донишҳои аз бар намуда, бо хоҷагиҳои деҳқонии минтақаҳои зерҳадафи худ- ноҳияи Муъминобод ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кишоварзии деҳқонон, аз ҷумла истифодаи самараноки замин, интихоби тухмии хушсифат, кишту парвариши дурусти зироатҳо, банду басти маҳсулот, интиқол ва дарёфти бозор семинар-машваратҳо баргузор намуданд.
Дар доираи “Лоиҳаи такмили хизматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ тавассути равиши SHEP (Tajik-SHEP) барои солҳои 2022-2026” минбаъд низ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузории чунин тренингҳои омӯзишӣ барои деҳқонон дар назар дошта шудааст.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон