Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоИштироки намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Озорбойҷон

Иштироки намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Озорбойҷон

21.05.2024 409

Санаи 20 майи соли 2024 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Озорбойҷон баргузор гардид. Дар форуми мазкур намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори КВД "Маркази ракамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ" Асадуллозода Изатулло иштирок намуд.
Дар доираи форуми мазкур вохурии директори КВД "Маркази ракамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ "-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори "Маркази агроинноватсия"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Озорбойҷон доир гардид.
Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд, ҳамоҳангии рушду ташаккули инноватсия ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, омӯзиши таҷриба, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо байни КВД "Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Маркази агроинноватсия"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Озорбойҷон Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон