Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) ба ҳолати 24.05.2024

Гузориши матбуотӣ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) ба ҳолати 24.05.2024

27.05.2024 391

Рафти кишти зироатҳои баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

            Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварии вазорат хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ тибқи дурнамо 440284 гектар ктшти зироатҳои баҳорӣ гузоронида шавад. Ба ҳолати 24.05.2024 дар майдони 425920 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки аз он 107566 гектар ғалладонагиҳо, зироатҳои техникӣ 207222 гектар, аз он пахта 184411 гектар, зироатҳои равғандеҳ 22501 гектар, полизӣ 17406 гектар, картошака 30510 гектар, сабзавот 40352 гектар, пиёз 16985 гектар, сабзӣ 4829гектар, карам 1622 гектар, помидор 7691 гектар, бодиринг 4008 гектар, дигар сабзавотҳо 5218 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 22864 гектар кишт карда шуд.

Рафти кишти пахта

Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварӣ дурнамои кишти пахта 186000 гектар буда, мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 24.05.2024 аз аввали мавсим дар майдони 184411 гектар пахта кишт шудааст, ки аз он зери плёнка 12937 гектар мебошад, ки 97,0 фоизи иҷроро ташкил медиҳад.

Аз он дар вилояти Суғд 59638 гектар, вилояти Хатлон 122527 гектар ва НТҶ 2246 гектар кишт гузаронида шудааст.

Рафти кишти картошка

Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварӣ дурнамои кишти картошка 39670 гектар буда, мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 24.05.2023 аз аввали мавсим дар майдони 180349 гектар картошка кишт шудааст, ки 77,0 фоизи иҷроро ташкил медиҳад.

            Аз он дар ВМКБ 795 гектар, вилояти Суғд 15724 гектар, вилояти Хатлон 6533 гектар ва НТҶ 7457 гектар кишт гузаронида шудааст.

 Инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ оид ба инкишофи пахта мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 24.05.2024 дар майдони 184411 гектар пахта кишт шудааст.

            Аз он 146058 гектар пурра инкишофёфта, 79146 гектар нашъу намо ёфта, 15048 гектар озуқа дода, 38006 гектар ягонакунӣ ва 117918 гектар чорабиниҳои агротехникӣ гузаронида шудааст.

Бунёд ва барқароркунии боғу токзорҳо

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 24.05.2024 ҳамагӣ дар майдони 645 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки боғ 609 гектар, токзор 36 гектар, боғи интенсивӣ 21 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1874 гектарро дар бар мегирад.

Ҷамъоварии сабзавот 

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурӣ ба ҳолати 24.05.2024 дар майдони 22018 гектар сабзавот кишт карда шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 8169 гектар буда, ҳосилнокӣ 351 сентнер ва ҳосили умумӣ 286968 тоннаро ташкил медиҳад.

Ҷамъоварии мева 

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурӣ ба ҳолати 24.05.2024 5389 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 24.05.2024 шумораи гармхонаҳои доимамалкунанда 1038 адад буда, майдони 172 гектарро ташкил медиҳад. Майдони 137,7 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 62,5 гектар, бодиринг 29,1 гектар, дигар сабзавотҳо 46,0 гектарро ташкил медиҳад.

Ба миқдори 2766,3 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимамалкунанда истеҳсол карда шуд, ки аз он помидор 849,9 тонна, бодиринг 595,7 тонна ва дигар сабзавотҳо 1320,7 тонна мебошад.

Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 24.05.2024 дар гармхонаҳои мавсимӣ дар майдони 1898 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 776 гектар, бодиринг 552 гектар, дигар сабзавотҳо 570 гектарро ташкил медиҳад.

Ба миқдори 21298,8 тонна сабзавот аз гармхонаҳои мавсимӣ истеҳсол карда шуд, ки аз он помидор 4149 тонна, бодиринг 7791 тонна ва дигар сабзавотҳо 9359,1 тонна мебошад.

Рафти ҷамъоварии картошка

Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварӣ майдони умумии кишти картошка мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 24.05.2023 дар майдони 1246 гектар картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳосили умумӣ 21583 тонна буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 173 кг-ро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии хӯроки чорво  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводории вазорат дар ҷумҳурӣ дар соли 2024 тибқи дурнамо 2361626 тонна хӯроки дурушт ва 104340 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.

Ба ҳолати 23.05.2024 хӯроки дурушт 225870 тонна ҷамъоварӣ карда шудааст.

Наслгирии чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 413435 сар барраю бузғола насл гирифта шавад. Ба ҳолати 23.05.2024 425755 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 133068 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 91 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.

Техника ва мошинолоти кишоварзӣ

            Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.05.2024 дар ҷумҳурӣ 28999 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 77%-и он омодаи кор мебошад.

Аз он 1473 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1123 адад комбайни ғалладарав, 8441 адад ядакҳои тракторӣ, 10946 адад испорҳои тракторӣ, 3486 адад култиваторҳо, 2302 адад тухмипошакҳо аз он: 1883 адад тухмипошакҳои пахта, 1613 адад достҳои тракторӣ, 905 адад тойбанду тагрезчин, 130 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 15 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 495 адад картошкаканакҳо, 221 картошкашинонакҳо, 30 адад мошини пахтачинӣ ва 373 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.

Бояд қайд кард, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ оид ба воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар 4 моҳи соли 2024 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2087 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 311 адад, комбайни ғалладарав 11 адад, испори тракторӣ 415 адад, мошини алафдарав 11 адад, кулухмайдакунак (фреза) 45 адад, тойбанду тагрезчин 150 адад, дорупошак 65 адад, картошкашинонак 45 адад, картошкаканак 45 адад, тухмипошаки кишти дақиқи пахта 35 адад, тухмипошаки универсалӣ 10 адад ва алафҷамъкунак 35 ва алафдаравак 113 адад.

Инчунин, техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла: экскаватор 51 адад ва боркунак (погрузчик) 38 адад ворид гардидааст.      

Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23