Мулоқот бо намояндагони вилояти Свердловски Федератсияи Россия
29.05.2024 430
Санаи 29 майи соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ бо вазири комплекси агросаноатӣ ва бозори истеъмолии вилояти Свердловск Анна Анатолевна баргузор гардид.
Дар мулоқот намояндагони сохторҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содирот ва бахшҳои хусусӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои давлативу хусусии вилояти Свердловск иштирок намуданд.
Ҷонибҳо дар рафти мулоқот оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти содироту воридоти молу маҳсулоти кишоварзии байни ҳамдигарро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар се моҳи соли 2024 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия 4,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 8,1 миллион доллари ИМА содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи ҳаҷм 79 тонна ва аз рӯйи арзиши гумрукӣ 2,4 миллион доллари ИМА зиёд мебошад.
Инчунин дар ин давра воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Федератсияи Россия 1,8 ҳазор тонна ба маблағи 1,0 миллион доллари ИМА ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи ҳаҷм 1,0 ҳазор тонна ва аз рӯйи арзиши гумрукӣ 358 ҳазор доллари ИМА кам мебошад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон