Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоИштироки муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи нуҳуми вазирони кишоварзии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)

Иштироки муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи нуҳуми вазирони кишоварзии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)

29.05.2024 305

29 майи соли 2024 таҳти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи нуҳуми вазирони кишоварзии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) тавассути конфронси маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур вазирон, муовинони вазирон ва намояндагони давлатхои аъзои СҲШ инчунин, муовини директори генералии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва Намояндаи минтақавӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ҳайатҳо оид ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чаҳорчӯби СҲШ дар соҳаи кишоварзӣ, иқдомҳои муштарак оид ба афзоиши савдои маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин густариши самтҳои ҳамкории кишварҳои узв, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошанд, табодули афкор намуданд.
Ҳайатҳо Барномаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи селекция ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзиро байни давлатҳои аъзои СҲШ тасдиқ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои мутақобиларо дар доираи татбиқи Барномаи мазкур тавассути ҷаласаи вазирони кишоварзиҳо ҳамоҳанг созанд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ, эътимоди мутақобила ва ҳамкорӣ баргузор гашт.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон