Муаррифии барномаи мобилии "Дафтари деҳқон"
31.05.2024 358
Санаи 29 ва 30 майи соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи давлатии Данғара семинари омӯзишӣ оид ба истифодаи Барномаи мобилии "Дафтари деҳқон" бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД "Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ", МД "Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ", Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ), ТҶ "Муносибатҳои иқтисодии тиҷорати миёнмарзӣ" ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории семинар машварат муаррифии барномаи мобилии "Дафтари деққон" ва гузаронидани машғулияти амалӣ мебошад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон