Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) ба ҳолати 31.05.2024

Гузориши матбуотӣ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) ба ҳолати 31.05.2024

03.06.2024 269

Рафти шудгор кишти зироатҳои баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

   Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорат хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ тибқи дурнамо 440284 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ гузоронида шавад. Ба ҳолати 31.05.2024 дар майдони 430993 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки аз он 106468 гектар ғалладонагиҳо, зироатҳои техникӣ 208690 гектар, аз он пахта 185219 гектар, зироатҳои равғандеҳ 23162 гектар, полизӣ 17766 гектар, картошака 32006 гектар, сабзавот 41411 гектар, пиёз 17029 гектар, сабзӣ 4887гектар, карам 1650 гектар, помидор 7986 гектар, бодиринг 4065 гектар, дигар сабзавотҳо 5794 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 24652 гектар кишт карда шуд.

Рафти кишти пахта

Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварӣ дурнамои кишти пахта 186000 гектар буда, мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 31.05.2024 аз аввали мавсим дар майдони 185218,5 гектар пахта кишт шудааст, ки аз он зери плёнка 12939,7 гектар мебошад, ки 99,6 фоизи иҷроро ташкил медиҳад.

Аз он дар вилояти Суғд 59638 гектар, вилояти Хатлон 123247 гектар ва НТҶ 2334 гектар кишт гузаронида шудааст.

 Инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ оид ба инкишофи пахта мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 31.05.2024 дар майдони 185218,5 гектар пахта кишт шудааст.

Аз он 153757 гектар пурра инкишоф ёфта 63752 гектар нашъу намо ёфта, 94017 гектар озуқа дода, 306241 гектар ягонакунӣ ва дар майдони306241 гектар чорабиниҳои агротехникӣ гузаронида шудааст.

Ҷамъоварии ғалладона

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили гандум мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 31.05.2024  майдони кити гандум 189974 гектарро ташкил дода, аз он майдони 2086 гектар даравида, майдони 1875 гектар куфта шуд. 

Ҳосили умумӣ 8839 тонна, ҳосилнокӣ 47 сентнер буда, ҳамагӣ 102 адад комбайнҳо омодаи кор мебошанд.

Рафти кишти картошка

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дурнамои кишти картошка 39670 гектар буда, мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 31.05.2024 аз аввали мавсим дар майдони 32006 гектар картошка кишт шудааст, ки 81 фоизи иҷроро ташкил медиҳад.

            Аз он дар ВМКБ 908 гектар, вилояти Суғд 16215 гектар, вилояти Хатлон 6665 гектар ва НТҶ 8218 гектар кишт гузаронида шудааст.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.05.2024 шумораи гармхонаҳои доимамалкунанда 1038 адад буда, майдони 172 гектарро ташкил медиҳад. Майдони 137,7 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 62,5 гектар, бодиринг 29,1 гектар, дигар сабзавотҳо 46,0 гектарро ташкил медиҳад.

Ба миқдори 2952,5 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимамалкунанда истеҳсол карда шуд, ки аз он помидор 914,8 тонна, бодиринг 650,3 тонна ва дигар сабзавотҳо 1387,4 тонна мебошад.

Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.05.2024 дар гармхонаҳои мавсимӣ дар майдони 1898 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 776 гектар, бодиринг 552 гектар, дигар сабзавотҳо 570 гектарро ташкил медиҳад.

Ба миқдори 29562,8 тонна сабзавот аз гармхонаҳои мавсимӣ истеҳсол карда шуд, ки аз он помидор 6612 тонна, бодиринг 9995 тонна ва дигар сабзавотҳо 12955,4 тонна мебошад.

Техника ва мошинолоти кишоварзӣ

    Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.05.2024 дар ҷумҳурӣ 28999 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 77%-и он омодаи кор мебошад.

   Аз он 1473 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1123 адад комбайни ғалладарав, 8441 адад ядакҳои тракторӣ, 10946 адад испорҳои тракторӣ, 3486 адад култиваторҳо, 2302 адад тухмипошакҳо аз он: 1883 адад тухмипошакҳои пахта, 1613 адад достҳои тракторӣ, 905 адад тойбанду тагрезчин, 130 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 15 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 495 адад картошкаканакҳо, 221 картошкашинонакҳо, 30 адад мошини пахтачинӣ ва 373 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.

      Бояд қайд кард, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ оид ба воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар 4 моҳи соли 2024 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2087 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 311 адад, комбайни ғалладарав 11 адад, испори тракторӣ 415 адад, мошини алафдарав 11 адад, кулухмайдакунак (фреза) 45 адад, тойбанду тагрезчин 150 адад, дорупошак 65 адад, картошкашинонак 45 адад, картошкаканак 45 адад, тухмипошаки кишти дақиқи пахта 35 адад, тухмипошаки универсалӣ 10 адад ва алафҷамъкунак 35 ва алафдаравак 113 адад. Инчунин, техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла: экскаватор 51 адад ва боркунак (погрузчик) 38 адад ворид гардидааст.      

Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23