Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск

05.06.2024 222

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош дар доираи Ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Беларус доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ  дар шаҳри Минскбаргузор гардид.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош  зимни мулоқот оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи баргузории Ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Беларус Созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни бахшҳои давлативу хусусӣ ба имзо расонида мешавад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон