Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоҶаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар шаҳри Минск

Ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар шаҳри Минск

05.06.2024 305

Санаи 05 июни соли равон дар шаҳри Минск ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Беларус доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош, Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахшҳои хусусии ҷонибҳо иштирок намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош дар доираи ҷаласаи мазкур ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, озуқаворӣ, илму маориф, тандурустӣ, дорусозӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, тайёр намудани кадрҳои комплекси агросаноатӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин дар ҷаласаи мазкур Созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, дар соҳаи озуқаворӣ, тайер кардани кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ ва илмҳои кишоварзӣ, соҳаи саноатӣ, соҳаи нақлиёт, соҳаи маориф, дар соҳаи тандурустӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ ба имзо расонида шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон