Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон
11 июни соли 2024 дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Маҷнун Мамедов баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардиданд.
Қайд гардид, ки ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаи кишоварзӣ дар сатҳи муносиб қарор дошта, барои боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳои минбаъда ҷонибҳо баҳри амалигардонии муқараротҳои афзалиятноки барномаи Харитаи роҳи ҳамкорӣ, ки барои солҳои 2023-2024 миёни ҷонибҳо ба имзо расонида шудааст изҳори омодагӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои афзоиши иқтидорҳои содиротии кишварҳо дар самти кишоварзӣ аз тамоми имконияту роҳҳо истифода намуда, баҳри ташаккули ҳамкориҳои минбаъда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки вобаста ба масъалаи омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самтҳои рақамикунонӣ, Азеркосмос, навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ба монанди тухмиҳои зироатҳои ғалладонагии ба хушкӣ тобовар, ангурпарварӣ, чорводорӣ, омода намудани кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ва табодули таҷриба миёни кишоварзони ду кишвар дар оянда тақвият бахшида шавад.
Гуфта шуд, ки дар оянда боғҳои муштараки ду кишвар – боғи дӯстии зардолу дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва боғи дӯстии анор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон