Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири кишоварзӣ, моҳидорӣ ва захираҳои оби Салтанати Умон  

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири кишоварзӣ, моҳидорӣ ва захираҳои оби Салтанати Умон  

12.06.2024 307

    11 июни соли 2024 дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Вазири кишоварзӣ, моҳидорӣ ва захираҳои оби Салтанати Умон Сауд бин Ҳамуд бин Аҳмад Ал-Ҳабси баргузор гардид.

      Дар вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои васеи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуд.

    Қайд карда шуд, ки санади ёддошти тафоҳуми дуҷонибаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умон омода ва ба имзо расонида мешавад.

     Инчунин бо мақсади омӯзиши имконияту иқтидорҳои тарафайн гуруҳи кории муштарак таъсис дода шуда, ҷаласаҳои корӣ мунтазам доир карда мешавад.

   Дар мулоқот масъалаҳои содироти меваҳои тару тоза ва хушкмеваҳо ҳамкориҳо дар соҳаи моҳипарварӣ, занбуриасалпарварӣ ва табодули таҷриба миёни олимону донишҷӯёни кишварҳо баррасӣ шуданд.

       Гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бунёди боғи дӯстӣ як миқдор ниҳоли зардолу ба Салтанати Умон ирсол карда мешавад.

    Дар анҷоми мулоқот Вазири кишоварзӣ, моҳидорӣ ва захираҳои оби Салтанати Умон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи соҳибкоронро барои иштирок дар намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ, ки моҳи декабри соли ҷорӣ дар салтанати Уммон баргузор мегардад даъват намуд.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон