Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) ба ҳолати 07.06.2024  

Гузориши матбуотӣ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) ба ҳолати 07.06.2024  

12.06.2024 367

Рафти кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ 

         Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорат хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ тибқи дурнамо 440284 гектар кишти баҳории зироатҳо гузоронида шавад. Ба ҳолати 07.06.2024 дар майдони 436251 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки аз он 107558 гектар ғалладонагиҳо, 209217 гектар, зироатҳои техникӣ аз он пахта 185588 гектар, зироатҳои равғандеҳ 23319 гектар, полизӣ 17832 гектар, картошака 34264 гектар, сабзавот 41676 гектар, пиёз 17035 гектар, сабзӣ 4893 гектар, карам 1654 гектар, помидор 8090 гектар, бодиринг 4072 гектар, дигар сабзавотҳо 5933 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 25706 гектар кишт карда шуд.

 Инкишоф ва сабзиши пахта

           Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба и   нкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 07.06.2024 дар майдони 185588 гектар пахта кишт шудааст.

          Нашъу намои пахта хуб буда, дар  111069 гектар озуқадиҳӣ, дар 129111 гектар ягонакунӣ ва чорабиниҳои агротехникӣ - дар майдони 177396 гектар чобуқи 1-2-юм ва дар майдони 184867 гектар нармкунии 1-уми байни қаторҳо гузаронида шудааст.

Ҷамъоварии ҳосили гандум

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили гандум мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 07.06.2024 майдони кишти гандум 190019 гектарро ташкил дода, аз он майдони 14397 гектар даравида, майдони 12063 гектар куфта шуд. 

Ҳосили умумӣ 54835 тонна, ҳосилнокӣ 45 сентнер буда, миқдори  комбайнҳо ҳамагӣ 1123 адад аз он 192 комбайнҳо омодаи кор мебошанд.

Рафти кишти картошка

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дурнамои кишти картошка 39670 гектар буда, мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 07.06.2024 аз аввали мавсим дар майдони 34264 гектар картошка кишт шудааст, ки 86 фоизи иҷроро ташкил медиҳад.

       Аз он дар ВМКБ 1055 гектар, вилояти Суғд 16895 гектар, вилояти Хатлон 6744 гектар ва НТҶ 9570 гектар кишт гузаронида шудааст.

Рафти ҷамъоварии сабзавот

      Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорат хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ ба ҳолати 07.06.2024 дар майдони 41676 гектар кишт гузаронида шуд, ки аз он майдони 10666 гектар ҷамъоварӣ шудааст.

Ҳосили умумӣ 385285 тонна буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 45 сентнерро ташкил медиҳад.

Аз он ҷумла  пиёз 268288 тонна, сабзӣ 43140 тонна, карам 21625 тонна, помидор 9797 тонна, бодиринг 21359 тонна ва дигар сабзавотҳо 21076 тонна мебошад.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 07.06.2024 шумораи гармхонаҳои доимамалкунанда 1038 адад буда, майдони 172 гектарро ташкил медиҳад. Майдони 141,1 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 64,1 гектар, бодиринг 29,1 гектар ва дигар сабзавотҳо 47,9 гектарро ташкил медиҳад.

Ба миқдори 3103,2 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимамалкунанда истеҳсол карда шуд, ки аз он помидор 982,6 тонна, бодиринг 680,4 тонна ва дигар сабзавотҳо 1440,2 тонна мебошад.

Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 07.06.2024 дар гармхонаҳои мавсимӣ дар майдони 1898 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 776 гектар, бодиринг 552 гектар ва дигар сабзавотҳо 570 гектарро ташкил медиҳад.

Ба миқдори 35330,8 тонна сабзавот аз гармхонаҳои мавсимӣ истеҳсол карда шуд, ки аз он помидор 10750 тонна, бодиринг 10445 тонна ва дигар сабзавотҳо 14135,2 тонна мебошад.

Наслгирӣ аз чорвои майда 

           Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 413435 азчорвои майда насл гирифта шавад. Ба ҳолати 07.06.2024 431077 сар чорвои майда гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 134681 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 91 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.

Захираи хӯроки чорво

Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 2361626 тонна хӯроки дурушт ва 104340 тонна хӯроки ширадор захира карда шавад. 

Ба ҳолати 07.06.2024 217882 тонна хӯроки дурушт ва 226 тонна хӯроки ширадор захира карда шудааст.

Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23