“ТУХМИПАРВАРӢ. ЧАРО МУҲИМТАРИН БАХШИ КИШОВАРЗӢ ҲАНӮЗ ҲАМ МУВАФФАҚ НЕСТ?”
13.06.2024 365
БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД
Вазорати кишоварзӣ мақолаи рӯзноманигор Кароматулло Ато “Тухмипарварӣ. Чаро муҳимтарин бахши кишоварзӣ ҳанӯз ҳам муваффақ нест?”-ро, ки 14.11.2023 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр шудааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад.
Бо мақсади рушди соҳаи тухмипарварӣ, афзун намудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, рушди соҳаи кишоварзии сердаромад, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми деҳот ва ноил гаштан ба ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқавории мамлакат, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, №117 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардид ва Вазорат ҷиҳати амалишавии Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ҷиҳати такмили системаи санҷишӣ, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои рустанӣ 2 трактори тамғаи ХТ-24-4 ва доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии стансияҳои давлатии навъсанҷӣ 4 трактори байниқаторӣ ва 5 трактори нақлиётӣ дастрас гардид.
Вазорат барои дастгирии хоҷагиҳои деҳқонии хурд аз ҳисоби маблағҳои грантии ҷалбшудаи Бонки осиёии рушд тухмии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 54 тонна нахӯд, 35,7 тонна лӯбиё, 71,4 тонна мош, 35,7 тонна наск, 44,4 тонна юнучқа ва 1542 тонна картошкаи тухмӣ харидорӣ намуда, ба хоҷагиҳо дастрас намуд.
Ҳамзамон, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ Вазорат дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои кишти соли равон 500 тонна гандуми тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Гром” 150 тонна, “Тимирязевка 150” 150 тонна, “Алексеич” 200 тонна ва 1250 тонна нуриҳои минералӣ харидорӣ намуда, дар асоси шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ барои такрористеҳсолкунӣ дастрас кард. Инчунин, аз ҳисоби фонди давлатии тухмӣ 60 тонна тухмии зағири равғандиҳанда ва 2,4 тонна тухмии пиёз харидорӣ шуда, ба хоҷагидорони ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
Гуфтан ба маврид аст, ки Вазорат ҷиҳати сари вақт ва самаранок амалигардонии маблағгузории иловагии лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои кишти соли 2024 тухмиҳои сертификатсияшудаи зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 600 тонна гандум, 1225 тонна картошка, 100 тонна ҷуворимакка, 8,4 тонна пиёз, 0,012 тонна помидор, 0,9 тонна бодиринг, 96,8 тонна нахӯд, 58 тонна зағири равғандиҳанда ва 5409 тонна нуриҳои минералӣ харида, дастраси хоҷагидорон кард.
Ҷиҳати такмил додани низомҳои санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои рустанӣ бо қарори Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба минтақабобкунии навъҳои рустанӣ дар соли гузашта 2 навъи пахтаи миёнанахи гурӯҳи пешпаз “Данғара-30” ва “Қубодиён-30”, 2 навъи пахтаи миёнанахи гурӯҳи миёнапаз “Чжунтай-1” ва “Чжунтай-2”, навъи гандуми “Султон-3”, 1 навъи нахӯд “Баҳор”, 1 навъи мушунг “Ҳисории пешпазак”, 1 навъи офтобпараст “Самаранок-40” ва 1 навъи ҷуворимакка “Басирӣ” минтақабоб карда шуданд. Соли рафта 54 навъу 1 дурагаи зироатҳои кишоварзӣ, 8 навъи дарахтони мевадиҳанда ва 3 дурагаи кирмаки пилла тибқи нақшаи корӣ дар 12 стансия ва 1 қитъаи давлатии навъсанҷӣ мавриди санҷиши расмӣ қарор гирифтанд.
Вазорати кишоварзӣ барои рушди соҳа ва хоҷагиҳои тухмипарварӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Зеваршои ЗЕВАРШО, муовини вазири кишоварзӣ
Санаи нашр: 06.06.2024 №: 107