Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамоҳангсози масоили глобалии марбут ба захираҳои оби Агентии рушди байналмилалии ИМА

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамоҳангсози масоили глобалии марбут ба захираҳои оби Агентии рушди байналмилалии ИМА

13.06.2024 294

         Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» 12 июни соли 2024 мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо ҳамоҳангсози масоили глобалии марбут ба захираҳои оби Агентии рушди байналмилалии ИМА Нэнси Эслик баргузор гардид.

          Дар вохӯрии мазкур маҷмӯи масоили ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

        Қайд гардид, ки саҳми лоиҳаҳои USAID дар амалигардонии ҳадафҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ назаррас буда, лоиҳаҳои ин ниҳод дар минтақаҳои ҳадафӣ барои беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум тавассути ҷалби технология, таъмини аҳолӣ бо тухмиҳои аълосифат, рушди соҳаи боғдорию сабзавоткорӣ, беҳтар намудани соҳаи обёрӣ, бунёди корхонаҳои хурди коркард маҳсулоти кишоварзӣ, механиконии кишоварзӣ, баланд бардоштани дониш ва маърифати ҳуқуқии фермерон ва масъалаҳои гендерӣ назаррас мебошанд.

            Аз ҷониби ҳамоҳангсози масоили глобалии USAID барои мусоидати Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва ҳадафмандонаи лоиҳаҳои USAID дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён гардида, қайд намуд, ки USAID нақша дорад, ки сармоягузориро ба соҳаи кишоварзӣ бештар намояд ва ба ин васила имзои лоиҳаи “Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба ҳадафҳои рушди кишоварзии фарогир”-ро саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Маркази матбуот ва иттилооти 

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон