Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Зимбабве  

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Зимбабве  

13.06.2024 340

            Дар Кохи Сомон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» 12 июни соли ҷорӣ мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенга баргузор гардид.

            Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили дарёфти роҳу усулҳо ва тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи кишоварзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Зимбабве мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ноиби Президенти Ҷумҳурии Зимбабве барои меҳмоннавозӣ ва дар сатҳи шоиста баргузор намудани Конфронси сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд.

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки масъалаҳои мубрами рӯз идоракунии устувори захираҳои обӣ буда, имрӯз аксари кишварҳои ҷаҳон бо дарназардошти тағйирёбии иқлим, ифлосшавии об ва истифодаи бесамари захираҳо ба норасоии об дучор омадаанд, ки сол то сол боиси мушкилот гардида, барои инсон, табиат ва иқтисодиёт монеаи ҷиддӣ эҷод намуда истодааст.

Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дар самти парвариши зираотҳои кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ таҷрибаи кофӣ дошта, Ҷумҳурии Зимбабве омодааст, ки чунин таҷрибаро омӯзиш намуда, баҳри баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ чораҷӯӣ намояд.

Дар доираи мулоқот, ҷонибҳо ҳавасмандии дар самти табодули таҷриба, ҳамкорӣ дар самти парвариш ва ба таври васеъ ҷорӣ намудани кишти тухмии зироатҳои кишоварзии ба хушкӣ ва тағйирёбии иқлим тобовар баён намуданд.

Мулоқоти мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо барои гузоштани қадамҳои аввали ҳамкорӣ таъсис гурӯҳи кории муштарак ва имзои санади дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро мувофиқи мақсад шумориданд.

 

Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон