Боздиди Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ аз боғҳои шаҳри Ҳисор
Субҳи 12 июни соли равон дар ҳошияи Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ва Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлӣ бо ҳайати расмӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.
Меҳмонон бо боғҳои гелос ва сабзавотҳои хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Навобод шинос шуда, ба сифату лаззати он баҳои баланд доданд.
Зикр гардид, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои кишоварзони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар самти содироти мева, бахусус гелоси Тоҷикистон ва меваҳои хушки Арабистони Саудӣ ба манфиати кишоварзони ҳарду давлати ба ҳам дӯст хоҳад буд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон