Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистони бо Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD)
13.06.2024 588
Дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистони муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Алваро Ларио баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар мулоқот доир ба ҳамкориҳои чандинсола ва сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзиро мавриди таҳлил қарор дода, оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, вазъи бозори ҷаҳонии озуқа ва афзоиши мунтазами нархи ҷаҳонии озуқа, доир ба обёрии заминҳо, дастрас намудани тухмии зироатҳои ба хушкӣ тобовар, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ҳолати мелиоративии чарогоҳҳо, беҳтар намудани зотҳои чорвои маҳаллӣ, воридоти таҷҳизот барои бордоркунии сунъӣ ва беҳтар намудани вазъи хизматрасонии байторӣ, рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, ташкили лаборатория барои ташхиси ҳолати геоботаникии чорагоҳҳо, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолоту содирот, рушди комплексҳои агросаноатӣ ва ба ин васила таъмини озуқаворӣ андешаҳои худро иброз намуданд.
Мариди зикр аст, ки аз соли 2008 сармоягузории мустақими IFAD ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди деҳот 115 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, шумораи умумии манфиатгирандагон зиёда аз 300 ҳазор хонаводаро ташкил медиҳад.
Ба дастгирӣ ва ҳамкории зичи мутақобилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва IFAD лоиҳаҳои Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Вилояти Хатлон, Марҳилаи якуми Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», Марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ва Лоиҳаи «Дастгирӣ ба ғизои мактабӣ» бо муваффақият амалӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» қабул гардида, татбиқи он то соли 2030 идома меёбад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон