Гузориши матбуотӣ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) ба ҳолати 14.06.2024
Рафти кишти баҳории зироатҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорат хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ тибқи дурнамо 440274 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ гузоронида шавад. Ба ҳолати 14.06.2024 дар майдони 438206 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки аз он 107593 гектар ғалладонагиҳо, зироатҳои техникӣ 209236 гектар, аз он пахта 185607 гектар, зироатҳои равғандеҳ 23319 гектар, полизӣ 17832 гектар, картошка 35670 гектар, сабзавот 41711 гектар, пиёз 17045 гектар, сабзӣ 4910 гектар, карам 1669 гектар, помидор 8029 гектар, бодиринг 4077 гектар, дигар сабзавотҳо 5919 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 26165 гектар кишт карда шуд.
Рафти кишти такрории зироатҳо
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорат дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ тибқи дурнамо 105971 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузоронида шавад.
Ба ҳолати 14.06.2024 дар майдони 18097 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки аз он 11503 гектар ғалладонагиҳо аз ҷумла ҷуворимакка барои дон 6102 гектар, шолӣ 3538 гектар ва дигар ғалладонагиҳо 1863 гектарро ташкил медиҳад.
Зироатҳои техникӣ дар майдони 656 гектар, полизӣ 1368 гектар, сабзавот 1402 гектар, ва хӯроки чорво 3168 гектар кишт карда шуд.
Инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ оид ба инкишофи пахта мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 14.06.2024 дар майдони 185607 гектар пахта кишт шудааст.
Аз он дар майдони 161431 гектар озуқадиҳӣ, майдони 157173 гектар ягонакунӣ, чорабиниҳои агротехникӣ - дар майдони 281223 гектар чобуқи 1-2-юм ва дар майдони 241427 гектар нармкунии 1-уми байни қаторҳо гузаронида шудааст.
Ҷамъоварии ғалладона
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорат оид ба ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 14.06.2024 дар майдони 285124 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шуда, аз он майдони 55458 гектар даравида шуд, ки 19%-и иҷроро ташкил медиҳад.
Аз ҳосили ҷамъоваришуда майдони 51632 гектари он куфта шудаст.
Ҳосили умумӣ 214803 тонна буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 41,6 сентнерро ташкил медиҳад.
Аз он гандум дар майдони 190019 гектар кишт шуда, майдони 51038 гектари он даравида шуд, ки ҳосили умумӣ 197242 тонна аст.
Миқдори комбайнҳо ҳамагӣ 1123 ададро дар бар гирифта, дар ҷамъоварии ҳосил 482 адад комбайнҳо иштирок доранд.
Рафти кишти картошка
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дурнамои кишти картошка 39670 гектар буда, мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 14.06.2023 аз аввали мавсим дар майдони 35670 гектар картошка кишт шудааст, ки 90 фоизи иҷроро ташкил медиҳад.
Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 14.06.2024 шумораи гармхонаҳои доимамалкунанда 1038 адад буда, майдони умумӣ 172 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 141,6 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 64,6 гектар, бодиринг 29,1 гектар, дигар сабзавотҳо 47,9 гектарро ташкил медиҳад.
Ба миқдори 3443,8 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимамалкунанда истеҳсол карда шуд, ки аз он помидор 1252,1 тонна, бодиринг 725,2 тонна ва дигар сабзавотҳо 1466,5 тонна мебошад.
Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 14.06.2024 дар гармхонаҳои мавсимӣ дар майдони 1898 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 776 гектар, бодиринг 552 гектар ва дигар сабзавотҳо 570 гектарро ташкил медиҳад.
Ба миқдори 37517,0 тонна сабзавот аз гармхонаҳои мавсимӣ истеҳсол карда шуд, ки аз он помидор 11787 тонна, бодиринг 10475 тонна ва дигар сабзавотҳо 15255,3 тонна мебошад.
Техника ва мошинолоти кишоварзӣ
Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.06.2024 дар ҷумҳурӣ 28986 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, 77%-и он омодаи кор мебошад.
Аз он 1465 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1123 адад комбайни ғалладарав, 125 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 17 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 30 адад мошини пахтачинӣ, 8437 адад ядакҳои тракторӣ, 10941 адад испорҳои тракторӣ, 3486 адад култиваторҳо, 2300 адад тухмипошакҳо аз он: 1881 адад тухмипошакҳои пахта, 1613 адад достҳои тракторӣ, 905 адад тойбанду тагрезчин, 495 адад картошкаканакҳо, 221 картошкашинонакҳо ва 373 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.
Бояд қайд кард, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ оид ба воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар 5 моҳи соли 2024 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2270 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 384 адад, комбайни ғалладарав 18 адад, испори тракторӣ 436 адад, мошини алафдарав 11 адад, кулухмайдакунак (фреза) 46 адад, тойбанду тагрезчин 178 адад, дорупошак 66 адад, картошкашинонак 45 адад, картошкаканак 45 адад, тухмипошаки кишти дақиқи пахта 35 адад, тухмипошаки универсалӣ 12 адад, алафҷамъкунак 35 ва алафдаравак 118 адад. Инчунин, техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла: экскаватор 80 адад ва боркунак (погрузчик) 53 адад ворид гардидааст.
Рафти ҷамъоварии хӯроки чорво
Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводории вазорат дар ҷумҳурӣ дар соли 2024 тибқи дурнамо 2361626 тонна хӯроки дурушт ва 104340 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.
Ба ҳолати 14.06.2024 хӯроки дурушт 339163 тонна ва хӯроки ширадор 226 тонна ҷамъоварӣ карда шудааст.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: 2-35-39-23