Гузориши матбуотӣ ба санаи 22.06.2024
Рафти кишти зироатҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорат хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ тибқи дурнамо 440274 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронида шавад. Ба ҳолати 22.06.2024 дар майдони 438714 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки аз он 107593 гектар ғалладонагиҳо, зироатҳои техникӣ 209236 гектар, аз он пахта 185607 гектар, зироатҳои равғандеҳ 23319 гектар, полизӣ 17832 гектар, картошка 36719 гектар, сабзавот 41711 гектар, пиёз 17045 гектар, сабзӣ 4910 гектар, карам 1669 гектар, помидор 8092 гектар, бодиринг 4077 гектар, дигар сабзавотҳо 5919 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 26165 гектар кишт карда шуд.
Рафти кишти такрории зироатҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумоти фаврӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 105971 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шавад.
Ба ҳолати 22.06.2024 дар майдони 36784 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки аз он 24621 гектар ғалладонагиҳо аз ҷумла ҷуворимакка барои дон 12822 гектар, шолӣ 6087 гектар ва дигар ғалладонагиҳо 5712 гектарро ташкил медиҳад.
Зироатҳои техникӣ дар майдони 1175 гектар, полизӣ 2135 гектар, сабзавот 2110 гектар ва хӯроки чорво 6743 гектар кишт карда шуд.
Инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврӣ дар майдони 185607 гектар кишти пахта гузаронида шудааст.
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ оид ба инкишофи пахта мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 21.06.2024 дар майдони 185607 гектар пахта кишт шудааст.Аз он 183025 гектар озуқа дода, 170173 гектар ягонакунӣ ва дар майдони 281905 гектар чорабиниҳои агротехникӣ дар майдони 281905 гектар чобуқи 1-2-юм ва дар майдони 310330 гектар нармкунии 1-уми байни қаторҳо гузаронида шудааст.
Ҷамъоварии ғалладона дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар майдони 188877 гектар кишти гандум гузаронида шудааст.
Ба ҳолати 22.06.2024 майдони 81315 гектар даравида шуд, ки 43%-иҷроро ташкил медиҳад. Ҳосили умумӣ 313174 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 40,8 сентнер буда, 483 адад комбайнҳо дар майдонҳо ба дарав намуда истодаанд.
Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 22.06.2024 шумораи гармхонаҳои доимамалкунанда 1038 адад буда,майдони 172 гектарро ташкил медиҳад. Майдони 141,6 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 64,6 гектар, бодиринг 29,1 гектар, дигар сабзавотҳо 47,9 гектарро ташкил медиҳад.
Ба миқдори 3491,9 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимамалкунанда истеҳсол карда шуд, ки аз он помидор 1282,3 тонна, бодиринг 737,4 тонна ва дигар сабзавотҳо 1472,2 тонна мебошад.
Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 22.06.2024 дар гармхонаҳои мавсимӣ дар майдони 1900,9 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 776,8 гектар, бодиринг 553,8 гектар ва дигар сабзавотҳо 570,3 гектарро ташкил медиҳад.
Ба миқдори 39726,4 тонна сабзавот аз гармхонаҳои мавсимӣ истеҳсол карда шуд, ки аз он помидор 13987 тонна, бодиринг 10482 тонна ва дигар сабзавотҳо 152557 тонна мебошад.
Ҷамъоварии полизиҳо
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ кишти майдони кишти полизиҳо полизӣ 17832 гектарро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 22.06.2024 майдони 3524 гектар полизиҳо мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ карда шуд. Ҳосили умумӣ 96192 тонна буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 273 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии хӯроки чорво
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2024 тибқи дурнамо 2361626 тонна хӯроки дурушт ва 104340 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.
Ба ҳолати 22.06.2024 хӯроки дурушт 534104 тонна ва хӯроки ширадор 226 тонна ҷамъоварӣ карда шудааст.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: 2-35-39-23