Майдони боғҳо, истеҳсолу содироти меваҳои тару тоза, зардолу ва меваҳои хушк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
28.06.2024 842
Ба ҳолати 01.06.2024 дар ҷумҳурӣ майдони зиёда аз 206 ҳазор гектар боғу токзорҳо мавҷуд буда, зиёда аз 60 ҳазор гектари онро боғҳои зардолу ташкил медиҳад.
Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли меваҳои тару тоза ба ҳолати 01.06.2024 28,4 ҳазор тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Аз ҷумла истеҳсоли зардолу 16 ҳазор тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 143 тонна зиёд мебошад.
Ба ҳолати 01.06.2024 5,2 ҳазор тонна маҳсулоти тару тоза ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки маблағи он 2,1 млн доллар мебошад. Аз ҷумла 2,7 ҳазор тонна зардолу содирот карда шудааст, ки маблағи он 1,1 млн долларро ташкил медиҳад.
Инчунин содироти хушкмеваҳо 34,9 ҳазор тонна ба маблағи 14,2 млн доллар буда, аз аз он ҷумла зардолуи хушк 13,8 ҳазор тонна ба маблағи 9,5 млн доллар мебошад.
Содироти меваи хушк нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,1 ҳазор тонна ба маблағи 5,1 млн доллар ва зардолуи хушк 7,6 ҳазор тонна ба маблағи 5,2 млн доллар зиёд мебошад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон