Таҷлили бошукуҳи Ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе
30.06.2024 1 009
Ҷашни Тиргон дар қатори ҷашнҳои Садаву Наврӯз ва Меҳргон аз куҳантарин ҷашнҳои миллати тоҷик ба шумор меравад.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ ва расму оинҳои суннатии бостонӣ аз нав эҳё гардида, онҳо ҳифз карда мешаванд.
Санаи 30 июни соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе "Ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдулло, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зерсохтори вазорати кишоварзӣ, раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кишоварзон ва меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Дар "Ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” маҳсулоти кишоварзӣ, зардолу ва хушкмеваҳои гуногун, навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ ба намоиш гузошта шуд.
Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни Тиргонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло ироа намуд.
Инчунин дар чорабинӣ пешқадамони соҳа аз рӯи номинатсияҳои гуногун ва барои иштироки фаъолона бо Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шуданд.
Баҳри болидахотирии иштирондорон ва меҳмонон барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон