Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024

ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024

12.07.2024 977

Санаи 12 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Раиси кумитаи иттифоқи касаба Сафаров Миралӣ, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказии вазорат, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сарраёсати ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои алоҳида ва роҳбарони муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Ҷаласаро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ифтитоҳ намуда, маърӯзаро оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2024 қироат намуданд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 21472 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,6 фоиз зиёд мебошад, аз он ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 14802 миллион сомонӣ ё 110,9 фоиз ва чорвопарварӣ 6670 миллион сомонӣ ё 106,7 фоизро ташкил дод.
Ба ҳолати 01.07.2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладона ба 685340 тонна, картошка 267111 тонна, сабзавот 1265249 тонна, полизӣ 412965 тонна, мевагиҳо 224826 тонна, ангур 2705 тонна ва хӯроки чорво 453059 тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ғалладона 19919 тонна (97,2%), картошка 5601 тонна (102,1%), сабзавот 129050 тонна (111,4%), полизӣ 113747 тонна (138,0%), мевагиҳо 39408 тонна (121,3%), ангур 362 тонна (115,4%) ва хӯроки чорво 15821 тонна (103,6) зиёд мебошад.
Истеҳсол дар соҳаи чорвопарварӣ бошад, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ моҳҳои январ-июни соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорво ба 107,6 ҳазор тонна баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8 ҳазор тонна ё 6,7 фоиз зиёд шудааст. Аз он гӯшти паранда 19,2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Инчунин сардорони сарраёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат оид ба нишондиҳандаҳои соҳа ахборот пешниҳод намуданд.
Аз ҷониби Раёсати ҳайати мушовара ба масъулин барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ баромад намуда, барои иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқотҳо бо роҳбарон ва фаъолон дар сафарҳои корӣ баён намудаанд, масъулинро вазифадор карда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об, иҷрои дурнамои кишт, риояи агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дастуру маслиҳатҳо дода шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон