Маҷлиси Ташкилоти ибтидоии “Кишоварз”
23.07.2024 623
Санаи 23-юми июли соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ташкилоти ибтодоии “Кишоварз” муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, Гулмаҳмадзода Зафар Гулмаҳмад – роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳабибзода Зоҳир Иззат – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ширкат варзиданд.
Маҷлисро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ташкилоти ибтодоии “Кишоварз” муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, рӯзномаи Маҷлис ва меҳмононро ба иштирокдорон шинос карданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис нахуст ҳисоботи муовини Раиси Ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” Абдулозода А.Б. дар бораи фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда шунида шуд.
Сипас, вобаста ба масъалаи интихоби Раёсат, раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ аз ҷониби аъзои ҳизб 7-нафар фаъолон, ба аъзогии Раёсат пешбарӣ ва интихоб гардиданд.
Сипас, номзадии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Абдуллозода Аҳмадҷон ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” пешниҳод ва интихоб карда шуданд.
Аз рӯи масъалаи чоруми Маҷлис вобаста ба интихоби вакилон ба Конференсияи ХIV-уми ҳисоботӣ - интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Сино якдилона қарор қабул карда шуд, ки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” муҳтарам Ҳакимзода Қурбон вакил барои иштирок дар кори Конференсияи ноҳиявии ташкилотҳои ҲХДТ интихоб карда шавад.
Зафар Гулаҳмадзода ва Зоҳир Ҳабибзода – намояндагони Дастгоҳи КИМ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ибрози андеша намуда, даъват ба амал оварданд, ки корҳои дохилиҳизбиро дар ташкилоти ибтидоӣ ҷоннок намуда, ҷиҳати татбиқи талаботҳои Оиннома ва Барномаҳои ҳизб, ҷалби босифати аъзои ҳизб, назорати гардиши кадрӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешида бошанд. Ҳамчунин, вобаста ба авзои сиёсии зудтағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир суханронӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, вусъат додани корҳои таблиғотӣ дар самти пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона, риояи урфу анъанаҳои мазҳабиву суннатӣ ва тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ дастур манзур карда шуд.
Дар фарҷом вобаста ба масъалаҳои дар маҷлис матраҳгардида қарорҳои дахлдор қабул ва тасдиқ карда шуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон