Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоСеминари "Технологияи парвариши картошка дар минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон" дар ноҳияи Деваштич

Семинари "Технологияи парвариши картошка дар минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон" дар ноҳияи Деваштич

20.07.2024 205

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Деваштич бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», инчунин вазифаҳое, ки дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (24.01.2024) бо назардошти омилҳои пешгуинашаванда, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он, ҷиҳати истифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб замин баён доштанд, санаи 20 июли соли равон дар деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Технологияи парвариши картошка дар минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон” баргузор намуд.
Дар доираи баргузории чорабинии мазкур иштирокдорон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз таҷрибаҳои пешқадам ва технологияҳои кишту парвариш ва ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан ва Деваштич аз наздик шинос шуданд.
Дар даркори семинар Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, намояндагони кумитаву идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, инчунин якқатор раисони шаҳру ноҳияҳои алоҳида, намояндагон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сарраёсат, раёсат, шуъбаву бахшҳои кишоварзӣ ва хоҷагидорон иштирок намуданд.
Дар оғози семинар иштирокдорон аз ҳолати нашъу намои картошка дар хоҷагии Овчӣ-Ғончӣ дидан карданд.
Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тамоми иштирокдоронро хайр мақдам намуданд. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон кори семинарро оғоз карда, оид мақсади семинар, рушди соҳаи картошкапарварӣ, дастгирии хоҷагиҳо ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ дар суханронии худ оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои марбут ба соҳа ибрози назар намуданд.
Дар қисми назариявӣ Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Маҳмадёрзода Умсон, Профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Қаҳҳоров Қаҳор Ҳабибуллоевич, Директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ, парвариш, коркард, пешгирии касалиҳо, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба илм ва татбиқи он дар истеҳсолот маърӯзаҳо намуданд.
Сипас иштирокдорон аз намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дидан намуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ мувофиқи маълумоти оморӣ (4 – кишоварз - пешакӣ) дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар майдони 62,5 ҳазор гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 6,3 ҳазор гектар зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 267111 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5601 тонна зиёд мебошад.
Рафти кишту ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 36179 гектар картошка кишт намудаанд. Ба ҳолати 11.07.2024 дар ҷумҳурӣ майдони 10999 гектар картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2151 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумӣ 199346 тонна буда, нисбат ба ҳамин давараи соли гузашта 41852 тонна зиёд мебошад.
Рафти кишти такрории картошка
Ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 196789 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи дурнамо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар кишти такрорӣ 1550 гектар кишти такрории картошка ба нақша гирифта шудааст.
Таъминоти хоҷагиҳо бо тухмии картошка
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз хориҷи мамлакат картошкаи тухмии гурӯҳи элитаи навъҳои “Эволюшен” 250 тонна, “Аризона” 150 тонна ва “Пикассо” 100 тонна барои кишти соли 2024 харидорӣ намуда, тибқи шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ барои такрористеҳсолкунӣ дастрас намуд.
Ҳамзамон, аз фонди давлатии тухмӣ ба миқдори 500 тонна картошкаи тухмии сертификатсияшуда барои такрористеҳсолкунӣ, аз он ба хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои картошкапарвар дастрас карда шуд.
Инчунин ҷиҳати сари вақт ва самаранок амалигардонии маблағгузории иловагии лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои кишти соли 2024 тухмиҳои сертификатсияшудаи зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 1225 картошка тонна ба хоҷагиҳои деҳқонии осебпазир дастрас карда шуд.
Ноҳияи Деваштич
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 8172,6 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 881 гектар зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 680 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 168 тонна зиёд мебошад.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон