Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар!
06.08.2024 584
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди устувори соҳаи чорводорӣ ва муаррифии зоти гӯсфанди ҳисорӣ дар сатҳи байналмилалӣ санаҳои 16-17 августи соли 2024 дар шаҳри Ҳисор “Фестивал-намоиши байналмилалии зоти гӯсфанди ҳисорӣ”-ро баргузор менамояд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии байналмилалӣ, амалигардонии рушди минбаъдаи соҳа ва тақвияти фаъолият дар парвариш ва селексияи зоти гӯсфанди ҳисорӣ, ки ҳамчун захираи ирсии дастоварди мардуми тоҷик мебошад, ба ҳисоб меравад.
Дар “Фестивал-намоиши байналмилалии зоти гӯсфанди ҳисорӣ” озмун аз рӯи 4 номинатсия, аз ҷумла “Қӯшқори наслдеҳ” (ҷои 1, 2, 3), “Мешҳои зотӣ” (ҷои 1, 2, 3), “Тухлиҳои зотии 18-20 моҳа” (ҷои 1, 2, 3) ва 1 шоҳҷоиза барои “Чемпиони мутлақ (қӯшқор)” доир гардида, дар он гӯсфандони пешниҳодшуда аз рӯи ҷусса, синну сол, вазни зинда, намуди зоҳирӣ, раванди маҳсулнокӣ, таркиби зот ва ғайра баҳогузорӣ карда мешаванд.
Бо назардошти муҳимияти чорабинии мазкур, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки олимону мутахассисони дохилию хориҷӣ, инчунин муаррифии дастовардҳои олимону мутахассисон ва дӯстдорони соҳаи гӯсфандпарварӣ, ҷиҳати иштироки фаъолонаи роҳбарони хоҷагиҳо, хусусан ҷалби бахши хусусӣ ва соҳибкорон, ки ба парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ машғул мебошанд, бо пешниҳоди саршумори ҳарчи бештар ва иштироки фаъолона дар номинатсияҳои озмуни чорабинӣ даъват менамояд.
Аз иштирокчиёни таваҷҷӯҳманд хоҳиш менамоем, ки дар Фестивали байналмилалии намоиши гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ки рӯзи 17 августи соли 2024 сол дар шаҳри Ҳисор баргузор мегардад, иштирок намоянд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон