Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари намояндагии ФАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
07.08.2024 494
Санаи 06 августи соли равон дар мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Роҳбари навтаъини намояндагии ФАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агаси Арутюнян баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо раванди татбиқи ҳамкориҳои судмандро ҷиҳати амалисозии босамари Нақшаи миллии сармоягузорӣ, муборизаи минтақавӣ бар зидди малах ва таҳияи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои рақамикунонӣ, таъсис ва рушди марказҳои ахборотию машваратӣ ба фермерон, таҳкими занҷираи тухмипарварӣ дар кишвар мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон