Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБаррасии таҳияи Лоиҳаи "Барномаи табдили рақамии кишоварзи барои давраи то соли 2030"

Баррасии таҳияи Лоиҳаи "Барномаи табдили рақамии кишоварзи барои давраи то соли 2030"

08.08.2024 505

Санаи 8 августи соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти мутахассисони вазорат бо намояндагони вазорати идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷаласаи корӣ оид ба таҳияи Лоиҳаи "Барномаи табдили рақамии кишоварзӣ барои давраи то соли 2030" баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои татбиқи бомуваффақияти "Барномаи табдили рақамии кишоварзӣ барои давраи то соли 2030" ва нақши амалии он барои солҳои 2025-2027 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон