Таҷлили Иди тарбуз, харбуза ва каду
25.08.2024 692
Санаи 25 августи соли равон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 “Дар бораи Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе “Иди тарбуз, харбуза ва каду” дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҷлил карда шуд.
Барои қадршиносии заҳмати марди деҳқон идҳои Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва дигар идҳои кишоварзӣ маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии Ватан ва зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба суннатҳои таърихӣ эҳё гардида, мардуми шарафманди тоҷик бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ онро бо ифтихор таҷлил менамоянд.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, намояндагони вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зерсохтори вазорати кишоварзӣ, раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кишоварзон ва меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон кулли иштирокдоронро бо Иди тарбуз, харбуза ва каду табрик намуда, зимни суханронӣ оид ба дастоварду нишондиҳандаҳои бахши полизӣ қайд карда шуд.
Дар чорабинӣ кишоварзони ҳамаи шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, аз ҷумла, намудҳои гуногуни маҳсулотҳои кишоварзӣ аз қабили тарбуз, харбуза, каду, дастовардҳои илмӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳои гуногуни варзишӣ, ки ифодагари ҷашн мебошанд, пешниҳоди ҳозирин карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки майдони кишти полизиҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 23632 гектар, аз он 18614 гектар тарбуз ва 5019 гектар харбуза мебошад.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.08.2024 истеҳсоли полизиҳо 565310 тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19281 тонна зиёд мебошад.
Тибқи дурнамои кишт дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 19985 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 16.08.2024 майдони ҷамъоварикардашуда 18022 гектар буда, ҳосили умумӣ 537960 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 298 сентнерро ташкил медиҳад.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Баҳри фароғати иштирокдорону сокинон барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон