Конференсия-фестивал-намоиши байналмилалии илмию амалии "Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди ҳисорӣ"
16.08.2024 277
Санаи 16 августи соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайати шаҳри Душанбе доир ба иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсия-фестивал-намоиши байналмилалии илмию амалии "Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди ҳисорӣ" баргузор гардид.
Дар кори конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои гӯсфандпарварӣ иштирок доштанд.
Инчунин олимону мутахассисони соҳаи гӯсфандпарварии аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Белорусия ширкат варзиданд.
Кори семинарро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сулаймон Зиёзода дар суханронӣ оид ба дастгириву таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳа ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ, олимону мутахассисони соҳаи гӯсфандпарварии аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Белорусия суханронӣ намуданд.
Инчунин ба таври маҷози намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, олимону мутахасисони соҳа баромад карданд.
Мавриди зикр аст, ки идомаи Конференсия-фестивал-намоиши байналмилалии илмию амалии "Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди ҳисорӣ" санаи 17 августи соли равон дар шаҳри Ҳисор баргузор мегардад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон