Қисми амалии Конференсия-фестивал-намоиши байналмилалии илмию амалии "Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди ҳисорӣ"
17.08.2024 268
Санаи 17 августи соли равон дар шаҳри Ҳисор доир ба иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор қисми амалии Конференсия-фестивал-намоиши байналмилалии илмию амалии "Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди ҳисорӣ" баргузор гардид.
Дар кори конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, Раиси шаҳри Ҳисор муҳтарам Носирзода Ҷаббор, шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва хоҷагиҳои гӯсфандпарварӣ иштирок доштанд.
Инчунин олимону мутахассисони соҳаи гӯсфандпарварӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Белорусия ширкат варзиданд.
Сараввал иштироккунандагон аз намоиши дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.
Сипас дар майдони варзишгоҳ ки аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ хоҷагиҳои пешқадам дар самти парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ машғул мебошанд, молҳои худро ба намоиш гузошта буданд, иштирокдорон дидан намуданд.
Раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор кулли меҳмононро хайра мақдам намуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сулаймон Зиёзода дар суханронӣ оид ба дастгириву таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳа ва рушди соҳаи чорводорӣ аз ҷумла гӯсфандпарварӣ ибрози назар намуданд.
Баъдан барои қадршиносии хоҷагидорон аз рӯйи номинатсияҳо вазнкашии гӯсфандон доир карда шуд.
Ҳамзамон музоядаи гӯсфандон баргузор гардид, ки нахри қушқору мешҳо аз 30 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ ба фурӯш бароварда шаванд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ин амалигардонии рушди минбаъдаи соҳа ва тақвияти фаъолият дар парвариш ва селексияи зоти гӯсфанди ҳисорӣ, ки ҳамчун захираи ирсии дастоварди мардуми тоҷик мебошад, ба ҳисоб рафта, ҷиҳати қадршиносии хоҷагидорон озмун аз рӯи 4 номинатсия, аз ҷумла “Қӯшқори наслдеҳ” (ҷои 1, 2, 3), “Мешҳои зотӣ” (ҷои 1, 2, 3), “Тухлиҳои зотии 18-20 моҳа” (ҷои 1, 2, 3) ва 1 шоҳҷоиза барои “Чемпиони мутлақ (қӯшқор)” доир гардида, дар он гӯсфандони пешниҳодшуда аз рӯи ҷусса, синну сол, вазни зинда, намуди зоҳирӣ, раванди маҳсулнокӣ ва таркиби зот аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ карда шуданд.
Барои “Қӯшқори наслдеҳ” (ҷои 1, 2, 3), 10000 сомонӣ, 5000 сомонӣ ва 3000 сомонӣ, барои “Мешҳои зотӣ” (ҷои 1, 2, 3), 5000 сомонӣ, 3000 сомонӣ ва 2000 сомонӣ, барои “Тухлиҳои зотии 18-20 моҳа” (ҷои 1, 2, 3), 5000 сомонӣ, 3000 сомонӣ ва 2000 сомонӣ ва барои Шоҳҷоиза “Чемпиони мутлақ (қӯшқор)” 3 гектар қитъаи замини обӣ барои истифодабарӣ тақдим карда шуд.
Инчунин барои иштироки фаъолона ва саҳм гузоштан дар рушди соҳаи гусфандпарварӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри ноҳияҳо ва хоҷагиҳои алоҳида бо Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон