Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоТақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи кишоварзӣ

Тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи кишоварзӣ

27.08.2024 404

Санаи 26 августи соли равон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи дуюми гурӯҳи корӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ таҳти роҳбарии муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ ва муовини вазири кишоварзии Озарбойҷон Элчин Зейналов ва баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар самтҳои растанипарварӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ, боғдорию ангурпарварӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир, рақамикунонӣ, баланд бардоштани такмили ихтисоси кадрҳои соҳа, омӯзиши табодули таҷрибаҳои илмӣ, мубодилаи корӣ, вусъат додани ҳамкориҳо, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ ва дигар афзалиятҳои соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон