Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоСеминари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Кишти такрорӣ – омили фаровонҳосилӣ”

Семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Кишти такрорӣ – омили фаровонҳосилӣ”

26.08.2024 428

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», инчунин вазифаҳое, ки дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (24.01.2024) бо назардошти омилҳои пешгуинашаванда, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он, ҷиҳати истифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб замин баён доштанд, санаи 26 августи соли равон дар ноҳияи Шаҳритус семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Кишти такрорӣ – омили фаровонҳосилӣ” баргузор намуд.
Дар доираи баргузории чорабинии мазкур иштирокдорон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз таҷрибаҳои кишти такрорӣ, корҳои агротехникии зироатҳо дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён, Носири Хусрав ва Шаҳритус аз наздик шинос шуданд.
Дар даркори семинар Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар, намояндагони кумитаву идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндагон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сарраёсат, раёсат, шуъбаву бахшҳои кишоварзӣ ва хоҷагидорон иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар тамоми иштирокдоронро хайр мақдам намуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон дар суханрониҳои худ оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда, оид ба муҳтавои семинар, истифодаи имкониятҳо, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ба масъулин маслиҳатҳои муфид доданд.
Сипас Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур академик Толиб Набиев, мудири шуъбаи селексияи Институти зироаткории АИКТ доктори илмҳои кишоварзӣ Тош Нарзуллоев, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур академик Турсунбой Ахмедов, Директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ Ҷалил Пиризода, оид ба технологияи парвариш, истифотаи технологияҳои муосир, агротехникаи парвариш, самаранокии иқтисодӣ, пешгирии касалиҳо, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба илм ва татбиқи он дар истеҳсолот маърӯзаҳо намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон