Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ ба ҳолати 01.09.2024

Гузориши матбуотӣ ба ҳолати 01.09.2024

02.09.2024 639

Рафти кишти такрорӣ  дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврӣ растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ тибқи дурнамо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 196122 гектар кишти такрории зироатҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҳолати 30.08.2024 дар майдони 201379 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки аз он 117075 гектар ғалладонагиҳо аз ҷумла ҷуворимакка барои дон 59908 гектар, шолӣ 16477 гектар ва дигар ғалладонагиҳо 40690 гектар, сабзавот 24854 гектар,  картошка 1560 гектар, полизӣ 7683 гектар, зироатҳои техникӣ 4069 гектар ва хӯроки чорво 46138 гектар кишт карда шуд.

Ҷамъоварии ҳосили ғалладона дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳо дар ҷумҳурӣ  дар майдони 306966 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.08.2024 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ  майдони 275809 гектар даравида шуд, ки ҳосили умумӣ 808657 тонна ва 29,6 сентнерро ташкил медиҳад.

Ҷамъоварии ҳосили гандум  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳо дар ҷумҳурӣ  дар майдони 207620 гектар кишти гандум гузаронида шудааст.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.08.2024 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ  майдони 205787 гектар даравида шуд, ки ҳосили умумӣ 644148 тонна ва 31,6 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳо дар ҷумҳурӣ  дар майдони 37613 гектар кишти картошка гузаронида шудааст.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.08.2024 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ  майдони 16572 гектар ҷамъоварӣ карда шуд, ки ҳосили умумӣ 280277 тонна ва 169,1 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳо дар ҷумҳурӣ  дар майдони 39978 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.08.2024 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ  майдони 34240 гектар ҷамъоварӣ карда шуд.

Ҳосили умумӣ 1103359 тонна буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 322,2 сентнерро ташкил медиҳад.

Аз он пиёз 514441 тонна, карам 51784 тонна, помидор 192108 тонна, бодиринг 107039 тонна, сабзӣ 128464тонна ва дигар сабзавотҳо 109524тонна мебошад.

Рафти ҷамъоварии полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳо дар ҷумҳурӣ  дар майдони 19985 гектар кишти полизӣ гузаронида шудааст.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.08.2024 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ  майдони 18856 гектар ҷамъоварӣ карда шуда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 298,6 сентнер ва ҳосили умумӣ 563119 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии меваю ангур дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Ба ҳолати 30.08.2024 дар хоҷагиҳо 270471 тонна мевагиҳо ва 30866 ангур ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии хӯроки чорво  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии  вазорат дар ҷумҳурӣ дар соли 2024 тибқи дурнамо 2361626 тонна хӯроки дурушт ва 104340 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.

Ба ҳолати 30.08.2024 хӯроки дурушт 1865975 тонна ва хӯроки ширадор 16878 тонна ҷамъоварӣ карда шудааст. 

Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 235 39 23