Таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи кишоварзӣ
04.09.2024 685
Санаи 3 сентябри соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат бахшида ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ва Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон зимни суханронӣ иштироккунандагон ва кулли кишоварзони мамлакатро ба муносибати 33-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи кишоварзӣ ҳарф заданд. Қайд карда шуд, ки кишоварзон ҷавобан ба ин ғамхору дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардада, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозорҳои мамлакат, инчунин содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ карда мешаванд.
Сипас аз ҷониби Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ва Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба корманди дастгоҳи марказии вазорати кишоварзӣ Холиқзода Ҳасан, ба кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Толиҳов Ҷамшед, Абдуллоев Азизулло ва профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур медали Хизмати шоиста супорида шуд.
Дар фарҷом Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон аз номи кулли кишоварзон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳ, ғамхориву дастгириҳои ҳамешагӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон