Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон
05.09.2024 539
Санаи 4 сентябри соли равон дар шаҳри Ташкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳошияи «Форуми байналмилалӣ доир ба амнияти озуқаворӣ ва Ҳадафҳои Рушди Устувор барои кишварҳои дастрасӣ надошта ба баҳр» мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳу сифати ҳамкориҳои имрӯза дар соҳаи кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, тақвияти ҳамкориҳоро бо ҷалби институтҳои байналмилалии молиявӣ афзал шумориданд.
Қайд гардид, ки бо дарназардошти пандемия ва чолишҳои солҳои охир дар самти тағйирёбии иқлим ва дигар касалиҳои сироятии чорвою растанӣ, кишварҳои сайёра таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифатро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа ҳисобидаанд.
Бо таваҷҷуҳ ба муносибатҳои самимии Сарварони олии ду кишвар ва татбиқи амалии мувофиқаҳои бадастомада дар доираи санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ, дар соҳаи кишоварзӣ тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самтҳои парвариши ғалла ва ташкили Стансияи муштараки таҷрибавии илмии парвариши зироатҳои ғалладонагию лубиёгӣ дар ҳудуди филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шолипарварӣ, пахтапарварӣ, парвариши пилла ва дар ин замина зиёд намудани майдонҳои тутзор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, боғу токпарварӣ, беҳтар намудани зоти чорво, рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, рушди механиконии соҳаи кишоварзӣ бо такя ба технологияҳои инноватсионии муосир, иштирок дар форуму конфронсҳои муштарак, табодули олимону мутахассисон, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳа, инчунин таҳлил тавозуни минтақавии озуқаворӣ бо мақсади муайян намудани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти истеъмолӣ ва парвариши зироатҳои афзалиятнок ҳамкорӣ менамоянд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон