Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон

05.09.2024 630

Санаи 4 сентябри соли равон дар шаҳри Ташкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳошияи «Форуми байналмилалӣ доир ба амнияти озуқаворӣ ва Ҳадафҳои Рушди Устувор барои кишварҳои дастрасӣ надошта ба баҳр» вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Вазири озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон Ҷадамба Энхбаяр баргузор гардид.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуданд.
Қайд гардид, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон иқтидорҳои назарраси ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро мавҷуд буда, барои истифода аз имконияту зарфиятҳои якдигар гурӯҳҳои муштараки корӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ҷаласаҳои Комиссияҳои муштараки байниҳукуматиро доир намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкориро муайян ва минбаъд рушд диҳем.
Бо дарназардошти мавҷуд набудани санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ҷонибҳо таҳия ва имзои Созишнома дар соҳаи кишоварзӣ ва минбаъд харитаи роҳи ҳамкориро афзал шумориданд.
Дар баробари ин тарафҳо барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар самти чорводорӣ махсусан қутоспарварӣ баҳри хушзот намудани қутос дар кишвар, омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар самти парвариши зироатҳои ғалладонагию сабзавотӣ ва боғу токпарварӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, табодули таҷриба ва омӯзиши ҳолати агроиқлимии кишварҳои якдигар, баргузор намудани форумҳои тиҷоратӣ ва ҷалби бештари доираҳои соҳибкорӣ баҳри тақвияти гардиши молу маҳсулот миёни кишоварҳоро баррасӣ намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон