Иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон
05.09.2024 464
Санаи 5 сентябри соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон дар «Форуми байналмилалӣ доир ба амнияти озуқаворӣ ва Ҳадафҳои Рушди Устувор барои кишварҳои дастрасӣ надошта ба баҳр» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Абдулло Орипов, Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ҷаноби Чуй Дунюй, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои кишоварзӣ Януш Вайтсуховский, вазирони кишоварзии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи Африқо, муовинони вазир, сафирон ва дигар шахсони расмӣ аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба муҳимияти масъалаҳои ҳамкориҳои регионалӣ доир ба тақвият ва пешбурди ташаббусҳо ба хотири беҳтар намудани низоми агроозуқаворӣ барои кишварҳои ба баҳр дастрасӣ надошта, муттаҳид намудани кушиши давлатҳои Осиёи Марказӣ баҳри паси сар намудани чолишҳои баъдӣ дар самти таъмини агроозуқаворӣ дар минтақа, истифодаи оқилонаи заҳираҳо мавҷуда, беҳтар намудани ифрасохтор ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳалли масъалаҳои логистикӣ ва маҳдуд намудани монеаҳои ҷории мавҷуда дар самти воридоту содироти маҳсулот, гузариш ба кишоварзӣ сабз ва истеҳсоли маҳсулоти органикӣ, чораҷӯи вобаста ба кам намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзии кишварҳои сайёра, рақамикунонии соҳа ва дигар масъалаҳои муҳими беҳтаргардонандаи низоми агроозуқаворӣ дар сайёра диққати бештар дода шуд.
Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорон ва кишвари пешсаф доир ба масъалаҳои пешбурди рӯзномаи об дар сайёра ба ҳисоб меравад. Ташаббуси навбатии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи ҳимояи пиряхҳо дар сайёра, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, яке аз пешниҳоди беназир барои истифодаҳои оқилонаи захираҳои обӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, аз ҷониби вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки Форуми навбатии байналмилалӣ доир ба амнияти озуқаворӣ ва Ҳадафҳои Рушди Устувор дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд доир ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор 2018-2028», ки соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, доир карда шавад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон