Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоПаёми табрикоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.09.2024 707

Истиқлолияти давлатӣ саодати ҷовидонаест, ки дар масири ҳазорсолаи таърих ба насли имрӯзаи тоҷик насиб гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Бо самимият ва садоқати бепоён тамоми сокинон ва кишоварзони мамлакатро ба муносибати 33-юмин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.
Боиси ифтихор ва хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ метавон гуфт, ки таҳти роҳбарии дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди давлати миллии худро ба таври шоиста анҷом дода, ба сӯи чунин ҳадафҳои муҳими стратегӣ, ба монанди баромадан аз бунбасти коммуникатсониву энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди босуботи бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва саноатикунонии мамлакат қадамҳои устувор гузошт.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар муваффақиятҳои беназир ба даст оварда шуданд. Дар соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз бахшҳои муҳимтарини иқтисоди кишвар ба ҳисоб меравад, тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи гузариш ба шаклҳои нави муносибатҳои иқтисодӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, оқилона истифода бурдани ҳар як порча замин дар соҳа пешравиҳои назаррас ба вуҷуд омаданд. Маҳз ба туфайли соҳибистиқлолӣ ва ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнҳои бостонии кишоварзон – Меҳргон, Сада, Наврӯз ва Тиргон умри дубора ёфта, ҳар сол бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешаванд. Мо ҳамаи ин муваффақиятҳоро меваҳои ширини Истиқлолияти давлатӣ мешуморем ва шукргузор аз онем, ки дар даврони бузурги сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ кору фаъолият намуда, дар тамоми ҷодаҳо ба фатҳи қуллаҳои нав ноил гардидем.
Мо ба ояндаи дурахшони Ватани худ – Тоҷикистони азиз боварӣ дорем ва тамоми талошу кӯшишҳоямонро ба он равона месозем, ки дарахти Истиқлолияти давлатии мо дар муқобили боду борони таърих устувору побарҷо бимонад.
Бо изҳори ин ниятҳои нек бори дигар ҷашни фархундаи 33 солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон ҳамватанон ва кишоварзони азиз самимона табрик гуфта, умри дароз, тани сиҳат, рӯзгори босаодат, дастурхони пур аз нозу неъмат ва дар фаъолияти бунёдкориатон баҳри пешрафту шукуфоии маҳбубамон комёбиҳои беназир таманно менамоям.
Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон