Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоСеминари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Рушди соҳаи хучпарварӣ ва моҳипарварии инноватсионӣ”

Семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Рушди соҳаи хучпарварӣ ва моҳипарварии инноватсионӣ”

21.09.2024 244

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла дар ноҳияи Ашт санаи 8 сентябри соли 2024 оид ба ташкил ва баргузории семинари ҷумҳуриявӣ ҷиҳати аз наздик шинос намудани дастовардҳои кишоварзони ноҳияи мазкур ва дар ин замина амалигардонии рушди минбаъдаи соҳаи моҳипарварӣ ва тақвияти хучпарварӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Ашт семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Рушди соҳаи хучпарварӣ ва моҳипарварии инноватсионӣ” баргузор гардид.
Дар даркори семинар Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, намояндагони кумитаву идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сарраёсат, раёсат, шуъбаву бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо ва хоҷагидорон иштирок доранд.
Дар рафти семинари мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло баромад намуданд.
Инчунин дар қисмати назариявӣ Ғафурҷон Каримов - номзади илмҳои биологӣ, ходими калони Институти зоологияи АМИТ дар мавзӯи “Рушди инноватсионии соҳаи моҳипарварӣ дар Тоҷикистон”, Фаррух Азизов - номзади илмҳои кишоварзӣ, мудири кафедраи ихтиология ва физиологияи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқи ДАТ ба номи Шириншоҳ Шотемир” дар мавзӯи “Усулҳои интенсивии парвариши моҳиҳои гармидӯст дар шароити Тоҷикистон”, Солиҳов Умед – Директори КВД “Моҳии Тоҷик” дар мавзӯи “Вазъи кунунии соҳаи моҳипарварӣ дар Тоҷикистон”, Фаррух Шамсиддинов – мудири шӯъбаи моҳипарварӣ ва харгӯшпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мавзӯи “Технологияи парвариши зироатҳои ғалладонагӣ бо усули гидропоника барои хӯронидани моҳиҳои гармидӯст”, Ҷалил Пиризода – Директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мавзӯи “Самаранокии иқтисодии усулҳои инноватсионии парвариши моҳӣ” ва раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар бобати “Қадамҳои аввалин дар ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ ва амалӣ намудани технологияи инноватсионӣ дар парвариши моҳӣ” маърӯзаҳо намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон