Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳогузориши матбуотӣ

гузориши матбуотӣ

23.09.2024 364

Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ

 

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо мувофиқи  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 20.09.2024 дар майдони 306966 гектар кишти ғалладонагиҳо  гузаронида шудааст.


Аз аввали мавсим майдони 292908 гектар даравида, майдони 280745 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 865448 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 30,8 сентнерро ташкил медиҳад.

 

                                                 Ҷамъоварии ҳосили гандум 


Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба ҷамъоварии ҳосили гандум  мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 20.09.2024 дар майдони 207620 гектар кишти гандум  гузаронида шудааст.


Аз аввали мавсим  майдони 207001 гектар даравида, 206704 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 647831 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 31,3 сентнерро ташкил медиҳад.


 

Рафти пахтасупорӣ дар ҷумҳурӣ

 

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти пахтасупорӣ дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта 174979 гектарро ташкил дода, ба санаи 20.09.2024 аз аввали мавсим 4101,7 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.Ҳосилнокӣ аз як гектар 9,6 сентнерро ташкил медиҳад

 

Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва          ҷамоавии ҷумҳурӣ

 

Дар                                                                     асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 20.09.2024 дар майдони 37613  гектар картошка кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 21891 гектар буда, ҳосилнокӣ 178  сентнер ва ҳосили умумӣ 389912 тоннаро ташкил медиҳад.

 

                                              Рафти ҷамъоварии сабзавот дар ҷумҳурӣ


Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 20.09.2024 дар майдони 39978 гектар сабзавот кишт карда шудааст.


Масоҳати ҷамъоваришуда 37134 гектарбуда, ҳосили умумӣ 1214432 тонна ва ҳосилнокӣ 327,0 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 217488  тонна, карам 56279тонна, помидор 217488 тонна, бодиринг 121003 тонна, сабзӣ 137138 тонна ва дигар намуди сабзавотҳо 135536 тонна             мебошад.

 

                                   Ҷамъоварии полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурӣ ба ҳолати     20.09.2024 дар майдони 19985 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Масоҳати ҷамъоваришуда 19957 гектар буда, ҳосилнокӣ  309,0 сентнер ва ҳосили умумӣ 616676 тоннаро ташкил медиҳад.

 

Рафти ҷамъоварии меваю ангур дар ҷумҳурӣ

 

Ба ҳолати 20.09.2024 мевагиҳои ҷамъоваришуда 317572 тоннаро ташкил медиҳад, ки 56560 тоннаи онро ангур дар бар мегирад.

 

Захираи хӯроки чорво  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ


             Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии  вазорат дар ҷумҳурӣ дар соли 2024 тибқи дурнамо 2361626 тонна хӯроки дурушт ва 104340 тонна хӯроки ширадор бояд захира карда шавад.

Ба ҳолати 20.09.2024 хӯроки дурушт 2151621 тонна ва хӯроки ширадор 39633 тонна захира карда шудааст.


Техника ва мошинолоти кишоварзӣ

               Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.09.2024 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 29105 адад техника аз он 27517 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 79%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1443 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1126 адад комбайни ғалладарав, 8411 адад ядакҳои тракторӣ, 10973 адад испорҳои тракторӣ, 3493 адад              култиваторҳо, 2308 адад тухмипошакҳо аз он: 1889 адад тухмипошакҳои пахта, 1653 адад достҳои тракторӣ, 924 адад тойбанду тагрезчин, 129 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 15 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 493 адад картошкаканакҳо, 225 картошкашинонакҳо, 18 адад мошини пахтачинӣ ва 424 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту ко иштирок намуда истодаанд. 

               Бояд қайд кард, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ оид ба воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар моҳи соли 2024 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3019 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 637 адад, комбайниғалладарав 29 адад, испоритракторӣ 436 адад, мошиниалафдаравии Е-302 22 адад, кулухмайдакунак (фреза) 45 адад, тойбандутагрезчин 243 адад, дорупошак 68 адад, картошкашинонак 45 адад, картошкаканак 45 адад, тухмипошаки кишти дақиқи пахта 35 адад, тухмипошаки универсалӣ 12 адад, алафҷамъкунак 80 адад в аалафдаравак 247 адад.

 Инчунин, техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла: экскаватор 145 адад ва боркунак (погрузчик) 104 адад воридгардидааст. 


Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Тел: 235 39 23


·